Мугабе аз қудрат барканор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25468-Мугабе_аз_қудрат_барканор_шуд
Артиши Зимбабве Роберт Мугабе, раисҷумҳури ин кишварро аз қудрат барканор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 15, 2017 13:45 Asia/Dushanbe
  • Мугабе аз қудрат барканор шуд

Артиши Зимбабве Роберт Мугабе, раисҷумҳури ин кишварро аз қудрат барканор кард.

Артиши Зимбабве эълом кард, Роберт Мугабе ва хонаводааш дар боздошти хонагӣ ҳастанд ва артиш, атрофиёни муфасиди раисҷумҳури Зимбабверо, ки боиси осебҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Зимбабве шудаанд, муҳокима мекунад .

Эммерсон Мнангагва, муовини Роберт Мугабе дар ҳизби ҳокими Зимбабве мавсум ба Zanu-pf бо иддаои инки ҳеч кудатои низомӣ сурат нагирифтааст, эълом кард, интиқоли қудрат нарму бидуни хунрезӣ дар ҳоли иҷрост .

Ҳизби мухолифи давлати Зимбабве мавсум ба ҷунбиши тағйири демократик ҳам бозгашти мусолиматомези демократияи мубтанӣ бар Қонуни асосиро хостор шуд .

Иқдоми чанд рӯз қабли Роберт Мугабеи 93 сола дар канор гузоштани Эммерсон Мнангагва аз муовинати худ, Зимбабверо вориди таниши ҷиддӣ ва бесобиқа кард .

Артиши Зимбабве сешанбе ибтидо контроли шабакаи телевизиони миллии ин кишварро дар даст гирифт ва бо мошинҳои зиреҳии фаровон дар хиёбонҳои атрофи пойтахт мустақар шуд .

Фармондеҳи артиши Зимбабве пештар ҳушдор дода буд, агар раванди барканориҳо дар ҳизби ҳокими ин кишвар идома ёбад, мумкин аст низомиён мудохила кунанд .

Роберт Мугабе дар 37 соли гузашта қудратро дар Зимбабве дар даст доштааст .

Ин кишвар бо буҳрони иқтисодӣ ва таварруми бисёр шадид рӯ ба рӯ будааст .