Қассоби Балкан ба ҳабси абад маҳкум шуд
Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ дар мавриди Югославияи собиқ рӯзи чаҳоршанбе барои Ратко Младич, фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Босния ва Ҳерсеговина машҳур ба Қассоби Балкан, ҳукми ҳабси абад содир кард.
Телевизиони Сербия эълом кард, ин додгоҳ, ки дар Лоҳаи Ҳолланд мустақар аст, қаблан Младичи 74 соларо ба 11 ҷурм аз ҷумла наслкушӣ, ширкат доштан дар ҷиноёти алайҳи башарият, муҳосираи Сараево ва тахаллуф аз қавонини ҷангӣ дар солҳои 1992 то 1995 муттаҳам карда буд .
Вай ҳамчунин ба гаравгон гирифтани 200 сулҳбони Созмони милали муттаҳид, судури фармони поксозии нажодӣ дар шаҳрҳои Босния ва Ҳерсеговина ва берун рондани хорватияҳо, мусулмонон ва соири шаҳрвандони ғайрисирби ин ҷумҳурии Югославияи собиқ муттаҳам шудааст .
Таҳти фармондеҳии Младич, беш аз ҳафт ҳазор асири мусулмон дар минтақаи Сребренитса дар Босния ва Ҳерсеговина кушта шуданд, ки ин рӯйдод ба унвони бузургтарин ҷиноёти ҷангии пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Аврупо ба шумор омад ва додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар Лоҳа онро наслкушӣ медонад .
Младичи пас аз 16 сол, ки аз чанги қонун фирорӣ буд, дар майи 2011 дар хонаи яке аз вобастагонаш дар минтақае кӯчак дар 80 километрии шимоли Белград ба дасти маъмурони амниятӣ ва иттилоотии Сербия боздошт шуд .
Младич ва Слободан Милошевич, раисҷумҳури собиқи Югославия ҷузъи сарони аршаде ҳастанд, ки дар Лоҳа муҳокима шудаанд .
Милошевич пеш аз онки ҳукмаш содир шавад, дар марти 2006 ба далели ҳамлаи қалбӣ дар селлулаш дар Лоҳа мурд .
Ҷанги хунини Босния, ки аз соли 1992 то 1995 ҷарён дошт, ҷони сад ҳазор нафарро гирифт ва боиси оворагии ду миллиону 200 ҳазор нафар шуд .