Декабр 08, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар Индонезия ва Малайзия

Ҳазорон нафар аз мардуми мусалмони Индонезия ва Малайзия дар тазоҳуроти эътирозомез тасмими раисҷумҳури Амрикоро дар бораи ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», ҳазорон тазоҳуркунанда, ки шиорҳои зиддиамрикоӣ сар медоданд ва одамаки Доналд Трампро ба оташ мекашиданд, дар баробари сохтмони сафорати Амрико дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия таҷаммӯъ карданд. Бар асоси ин гузориш, дар Индонезия низ садҳо тазоҳуркунанда, ки либосҳои сафед бар тан доранд, барои таҷаммӯъ дар баробари сафорати Амрико дар Ҷакарта омода мешаванд. Раисҷумҳур Индонезия низ рӯз панҷшанбе аз Амрико хост, дар тасмими худ таҷдиди назар кунад. Ӯ ҳамчунин аз вазири умури хориҷии Индонезия хост, сафири Амрикоро барои тавзеҳот эҳзор кунад. Дар Малайзия ҳам раҳбарони ҳизби ҳоким ва бархе аҳзоби дигар дар ин тазоҳурот ҳузур доранд ва қарор аст, намояндагони Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ он ҷо ҳузур ёбанд. Ҳизби ҷамоати исломии Покистон низ хостори баргузории тазоҳурот дар ҳама шаҳрҳои аслии ин кишвар баъд аз намози ҷумъа шудааст.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад ва аз Вазорати умури хориҷии Амрико хост, муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.

 

Барчасп