Декабр 11, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Уругвай рекорди бузургтарин кабоби ҷаҳонро шикаст

Уругвай рекорди бузургтарин кабоби ҷаҳонро дар Гиннес ба сабт расонд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, дар маросими кабобпазӣ, ки дар шаҳри Минас баргузор шуд, 16/5 тонна гушти хом рӯи 60 тонна ангишт кабоб шуд ва беш аз сад ошпаз дар ин ошпазии 14 соата ширкат карданд .

Қабл аз ин пухту паз, ҳудуди 200 нафар ба ҷудо кардани устухон аз гушт ва қарор додани гушти беш аз сад гов рӯи сихчакабоб кумак карданд .

Пухтани кабоб як саргармии миллӣ дар Уругвай ва Аргентина аст ва ҳар ду кишвари ҳамсоя аз соли 2008, ки Уругвай тавонист дар он сол рекорди бузургтарин кабоби ҷаҳонро бишиканад, барои шикастани ин рекорд рақобат доранд .

Уругвай яке аз муҳимтарин содиркунандагони гушти ҷаҳон маҳсуб мешавад ва ҷамъияти говҳои ин кишвар, се баробари ҷамъияти севу ним миллион нафарии ин кишвар аст .