Декабр 16, 2017 12:17 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳафт диишии омодаи амалиёти террористӣ дар Русия

Созмони амнияти федералии Русия аз амалиёти пешгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Санкт-Петербург ва дастгирии ҳафт узви гурӯҳи ДИИШ дар ин шаҳр хабар дод.

Ба гузориши Созмони амнияти федералии Русия, террористҳои ДИИШ қасд доштанд имрӯз (шанбе) калисои ҷомеи “Казанский”-и Санкт-Петербург (аз маъруфтарин марокизи гардишгарии ҷаҳон дар ин шаҳр)-ро мунфаҷир кунанд.

 Аз ин афрод маводи мунфаҷираи омодаи амалиёт ва силоҳу муҳиммот кашфу мусодира шуд.

 Нерӯҳои амниятии Русия дар як соли ахир даҳҳо террористи дииширо дастгир кардаанд.

Александр Бортников, раиси Кумитаи зиддитеррористӣ ва раиси Созмони амнияти федералии Русия гуфт, маъмурони ин созмон як гурӯҳи харобкорро, ки қасди амалиёти террористӣ дар давраи корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Русияро доштанд, шиносоӣ ва безарар гардониданд.

 

Барчасп