Август 21, 2016 10:45 Asia/Dushanbe
  • Интишори рӯзона 7 ҳазор паёми Твиттерии зидди исломӣ дар фазои маҷозӣ

Як муассисаи таҳлилии англисӣ, дар гузорише аз афзоиши мавҷи исломҳаросӣ дар фазои маҷозӣ ва интишори рӯзона наздик ба 7 ҳазор паёми исломҳаросӣ ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, баррасиҳои сурат гирифта нишон медиҳад дар моҳи гузаштаи милодӣ ба таври мутавассит, рӯзона ҳафт ҳазор паём алайҳи Ислом дар твиттер мунташир шудааст.

Ба навиштаи рӯзномаи "Дейли Сабоҳ", Маркази таҳлили расонаҳои иҷтимоии "Демос", воқеъ дар Лондон-пойтахти Англис, эълом кард, дар моҳҳои гузашта афзоиши қобили таваҷҷуҳе дар ба коргирии каломи зидди исломӣ дар твиттер мушоҳида шудааст.

Дар ин гузориш унвон шудааст, ки баъд аз ҳамалоти террористии сурат гирифта дар моҳи феврал, омори ҳамалот ба Ислом ба болотарин ҳад расидааст.

Бар асоси ин гузориш, наздик ба 22200 маврид аз паёмҳои твиттерии зиддисломӣ баъд аз ҳамлаи террористии 14 июл дар шаҳр Нитсаи Фаронса мунташир шудааст.

Ҳамчунин 10610 паёми твиттерии исломҳаросоно низ дар 17 июл баъд аз кудатои нофарҷоми Туркия аз сӯи гурӯҳе аз низомиёни муртабит бо ин кудато будааст.

Ин муассиса дар хотима унвон кард, теъдоди паёмҳои твиттерӣ, моҳ ба моҳ аз апрел ба ин сӯ, афзоиш ёфтааст.