Фурӯши силоҳро ба саудиҳо мутаваққиф кунед!
(last modified Tue, 23 Aug 2016 13:14:13 GMT )
Август 23, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши силоҳро ба саудиҳо мутаваққиф кунед!

Эътилофи контроли таслиҳотӣ аз кишварҳои содиркунандаи силоҳ, бавижа Амрико, Англия ва Фаронса хостааст, то фурӯши силоҳро ба Арабистони Саудӣ ба хотири ҷиноёташ дар Яман мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши "Пресс" ТВ, Анна Маккдоналд, мудири ин эътилофи байналамилалӣ дар оғози конфронси "Тиҷорати ҷаҳонии силоҳ" дар Женева гуфтааст, бо идомаи фурӯши таслиҳоти низомӣ ба Арабистони Саудӣ, ки аз 17 моҳ пеш ҳамалоти худро ба Яман оғоз кардааст, содиркунандагони силоҳ дар ҷаҳон, ки паймони тиҷорати таслиҳотиро имзо кардаанд, рафтори дугона аз худ нишон додаанд. Ӯ гуфтааст: «Паймони тиҷорати таслиҳотӣ аз ҳудуди 2 сол пеш имзо шудааст, аммо бархе кишварҳо онро нақз мекунанд».

Паймони тиҷорати таслиҳотӣ кишварҳои имзокунандаро аз фурӯши таслиҳоти низомӣ ба кишварҳое, ки аз он алайҳи ғайринизомиён истифода мекунанд, манъ кардааст.

Мудири Эътилофи байналамилалии контроли таслиҳотӣ афзуд: «Ҳар рӯз шоҳиди таъсироти мухарриби фурӯши таслиҳот ва муҳимот ба Арабистони Саудӣ ва истифода аз он алайҳи ғайринизомён дар Яман ҳастем».

Дар гузориши Эътилофи контроли таслиҳотӣ омадааст, Фаронса соли 2015 бо фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ ба арзиши 18 миллиард доллар мувофиқат кардааст. Амрико ва Англия низ дар ҳамин сол ба тартиби фурӯши ҳудуди 6 ва 4 миллиард доллар силоҳро ба Риёз таъйд карданд. Ин дар ҳолест, ки Фаронса ва Англия Паймони тиҷорати таслиҳотиро тасвиб кардаанд ва Амрико низ ин паймонро таъйид карда, вале Конгресси Амрико бо он мухолифат кардааст.

Арабистони Саудӣ, ки ҳамалоти худро ба Яман аз моҳи марти соли 2015 оғоз карда, то кунун борҳо мактаб, бемористон‎ҳо, манотиқи маскунӣ, роҳу бозорҳо ва урдӯгоҳҳои паноҳҷӯёнро бомбаборон кардааст.