Режаи олимпии ду Корея зери як парчам!
(last modified Thu, 18 Jan 2018 15:22:41 GMT )
Январ 18, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Режаи олимпии ду Корея зери як парчам!

Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ бо як парчами муштарак дар маросими Ифтитоҳияи олимпии зимистонӣ, режа мераванд.

Ба думболи музокироти ахири намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи Бозиҳои олимпии зимистонии 2018, ҳоло хабаре ҷадид дар бораи маросими ифтитоҳияи ин бозиҳо мухобира шудааст.

Имрӯз хабаргузории «Юнҳоп»-и Кореяи Ҷанубӣ дар хабари фаврӣ, гузориш дод: «кореяиҳо (Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ)-и муштаракан таҳти парчами Кореяи воҳид дар маросими Ифтитоҳияи олимпӣ режа мераванд».

Олимпии зимистонӣ аз 9 феврал то 25 феврали 2018 (20 баҳман то 6 исфанд) дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Ҳузури Кореяи Шимолӣ дар Мусобиқоти олимпи зимистонӣ дар ҳоле анҷом хоҳад шуд, ки тайи як соли ахир танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея ба думболи мавозеи Амрико дар ташдиди фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Пхенян ва баргузории размоишҳои низомӣ дар минтақа, ташдид шудааст.