Русия ду киштии зериобии атомии бузурги худро нобуд мекунад
(last modified Sat, 20 Jan 2018 14:52:13 GMT )
Январ 20, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Русия ду киштии зериобии атомии бузурги худро нобуд мекунад

Русия ду зердарёии атомии бузурги худро ба далели ҳазинаи болои онҳо нобуд, мекунад.

Рӯзномаи “Известия”-и чопи Маскав, рӯзи шанбе навишт, ин ду киштии зериобӣ ба номҳои «Архангелск» ва «Сострол» аз навъи тарҳи 941 ё Акола ва аз бузургтарин зердарёиҳои ҷаҳон ҳастанд.

Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми саноати киштисозии низомии Русия, навиштааст, ин ду киштии зериобӣ ба далели мақрун ба сарфа набудани истифода аз он, аз радда хориҷ шудаанд.

Неруи дарёии Русия киштиҳои зериобии «Архангелск» ва «Сострол» пас аз холӣ кардани таслиҳоти он аз радда хориҷ карда ва қарор аст, ширкати давлатии “Rosatom” ин зердарёиҳои фарсударо нобуд кунад.

Русия даҳҳо зердарёии атомӣ аз давраи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар ихтиёр дорад, ки теъдоде аз онҳо фарсуда шудаанд ва бархе низ дигар қобили истифода нестанд.

Дар солҳои ахир Русия барои ҷойгузинии ин зердарёиҳои фарсуда, зердарёиҳои атомти ҷадид сохтааст.