Истиқболи Путин аз афзоиши теъдоди масҷидҳо дар Русия
Раиси ҷумҳурии Русия чаҳоршанбешаб аз афзоиши теъдоди масҷидҳо дар ҷумҳурии Бошқиристони Русия истиқбол кард.
Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар дидори Талъат Тоҷуддин, муфтии аъзами Русия дар Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқиристон бо баёни ин ки дар соли 2000-ум танҳо 16 масҷид дар ин ҷумҳурӣ вуҷуд дошт, аммо акнун теъдоди масоҷиди ҷумҳурии Бошқиристони Русия ба 1200 адад расидааст, гуфт, ин раванд боиси хурсандӣ аст.
Раиси ҷумҳурии Русия афзуд, афзоиши теъдоди масоҷид дар ин кишвар нишондиҳандаи густариши Ислом дар Русия аст.
Владимир Путин ва Талъат Тоҷуддин дар ин дидор, ки дар иқоматгоҳи муфтии аъзами Русия баргузор шуд, дар бораи таърихи вуруд ва густариши дини Ислом дар ин кишвар гуфтугӯ карданд.
Путин ҳамчунин аз масҷиди ҷомеи Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқиристон дидан кард.
Ҷумҳурии Бошқиристон яке аз манотиқи мусалмоннишини Русия аст.
Аз ҷамъияти 146 миллионнафарии Русия, беш аз 20 миллион нафар мусалмонон ҳастанд.