Феврал 04, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои пазириши нозирони хориҷӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ҳозир ба пазириши нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи раёсатиҷумҳурии оянда, дар ин кишвар аст.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи шанбе бо баёни инки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тамосҳои корӣ бо Комиссияи интихоботи марказии Русия дорад, афзуд, ҳамаи масоил марбут ба назорат бар интихоботи Русия, мавриди расидагии ин созмон қарор гирифтааст.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки бузургтарин созмони амниятии Аврупо маҳсуб мешавад, эълом кардааст, ҳайате аз ин созмон шомили 500 нозир аз панҷуми феврали 2018 фазои интихоботӣ ва ҳамчунин шароити баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Русияро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин намояндагони ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракуламанефеъ (ИДМ) ва нозирони Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, низ бар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, назорат хоҳанд кард.

 Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, 18 марти 2018 баргузор мешавад.