Феврал 06, 2018 13:16 Asia/Dushanbe

Чанд мақоми баландпояи Доғистон ба фасод ва дуздии миллиардҳо рубл аз буҷаи давлатӣ муттаҳам шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, рӯзи душанбе, панҷуми феврал Кумитаи бозрасии Русия хабар дод, мақомоти интизомии Русия нахуствазири Доғистон Абдусамад Ҳамидов, Шамил Исоев ва Раюдин Юсуф, ду муовини раиси ҳукумат ва низ Шоҳаббос Шоҳов, вазири собиқи маорифи ин ҷумҳурии худмухторро боздошт кардаанд.

Чанд соҳибмансаби баландпояи дигар низ байни боздоштшудагон ҳастанд.

 Нерӯҳои полис ҳангоми бозрасии хонаи нахуствазири Доғистон як аслиҳаи тиллоии ТТ, ду аслиҳаи Макаров ва Беретта ва ду Калашников ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир ин мансабдорони баландпояи Доғистон, аз ҷумла Абдусамад Ҳамидов дар ФСБ таҳти бозпурсӣ қарор доранд.

Бинобар эъломи Кумитаи бозрасӣ, ин боздоштҳо дар чорчӯби расидагӣ ба парвандаи ҷиноии пурсарусадои дуздида шудани миллиардҳо рубл аз буҷаи Доғистон сурат гирифтааст.

 Кумитаи бозрасӣ мегӯяд, ин пулҳо ба баҳонаи иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ дуздида шудааст.