Феврал 08, 2018 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи афзоиши хатари даргирии низомӣ миёни Аврупо ва Русия

Гузориши солонаи амниятии Мюнхен бо ишора ба авомиле ҳамчун тазъифи тавофуқномаҳои контроли таслеҳотӣ ва шиддат гирифтани танишҳо миёни Русия ва кишварҳои аврупоӣ, дар бораи бурузи даргириҳои низомии нохоста миёни онҳо ҳушдор додааст.

Ба гузориши “Рейтерз”, бар асоси ин гузориш, мавориде ҳамчун заволи қарордодҳои контроли таслеҳотӣ, истиқрори таслеҳоти изофӣ ва танишҳо бар сари баргузории манёврҳои низомӣ, хатари бурузи даргириҳои мусаллаҳонаро миёни Аврупо ва Русия афзоиш додааст.

Гузориши конфронси амниятии Мюнхен ба масоиле аз ҷумла паймонҳои халъи силоҳи ҳастаие ҳамчун Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд ва нигарониҳои амниятӣ дар шарқ ва маркази Аврупо пардохтааст.

Бинобар ин гузориш, НАТО таъкид дорад, хостори як мусобиқаи таслеҳотии ҷадид бо Русия нест, аммо вазъи ҷорӣ мумкин аст “ба вахомати бештари авзои амниятии Аврупо” мунҷар шавад.

Ин гузориш баёнгари он аст, ки муноқишаи Украина монеаи бузургеро бар сари роҳи коҳиши танишҳо миёни Ғарб ва Русия эҷод ва тасмими Амрико барои ироаи таслиҳоти маргбор ба Украина эҳтимолан бунбасти ҷориро вахимтар мекунад.

Дар конфронси амниятии Мюнхен, ки 16 то 18-и феврал баргузор мешавад, ҳудуди 500 нафар аз мақомҳои аршади низомӣ ва давлатӣ аз Аврупо, Африқо, Русия ва халиҷи Форс ширкат мекунанд.

 

Барчасп