Суқути ҳавопаймои мусофирии Русия
Феврал 11, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
Як фарванд ҳавопаймои Антонов 148 Русия бо 71 сарнишин пас аз бархестан аз фурӯдгоҳи Домодедова дар Маскав суқут кард.
Интерфакс эълом кард, як фарванд ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Саратови Русия рӯзи якшанбе дар ҷануби шарқи Маскав суқут кард, ки эҳтимолан ба кушта шудани ҳамаи 71 сарнишини ҳавопаймо анҷомидааст .
Ин ҳавопаймои мусофирбарӣ аз навъи Антонов AN-148, бо 65 мусофиру шаш хадама, ибтидо аз саҳифаи радари бурҷи муроқибат хориҷ ва сипас дар мазраае наздики рустои Аргунов дар ҷануби шарқи Маскав суқут кардааст .
Ба гуфтаи мақомҳои идораи умури изтирории Русия, маҳалли суқути ин ҳавопаймо шиносоӣ шудааст, аммо маъмурони имдод ҳануз ба маҳалли суқут нарасидаанд .
Барчасп