Август 26, 2016 19:22 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Террористҳои ДИИШ силоҳи химиявӣ доранд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, террористҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурия дорои силоҳи химиявӣ ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар конфронси матбуотӣ эълом кард: "Сиёсати бархе аз давлатҳои ғарбӣ афзоиш ва ташдиди мавҷи терроризм аст".

Мария Захарова дар вокуниш ба иддаои Амрико дар бораи истифодаи Сурия аз таслиҳоти химиявӣ гуфт: "Вашингтон ба ҷойи иттиҳом задан ба Сурия, ба ваъдаҳои пешини худ дар бораи ҷудосозии мухолифони ба истилоҳ миёнарав аз гурӯҳҳои террористӣ амал кунад".

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия афзуд: "Ҳимояти Ғарб, ба вижа Амрико ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Ховари миёна муҷиби кушта, захмӣ ва овора шудани даҳҳо ҳазор нафар дар Ироқ ва Сурия шудааст".

 Захарова ҳамчунин бо интиқод аз мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳурии қонунии Сурия гуфт, онҳо тамоюле ба ҳаллу фасли буҳрони Сурия аз худ нишон намедиҳанд.

 

Барчасп