Мухолифати намояндагони Парлумони Британия бо сафари валиаҳди Арабистон
(last modified Thu, 22 Feb 2018 15:30:55 GMT )
Феврал 22, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати намояндагони Парлумони Британия бо сафари валиаҳди Арабистон

​​​​​​​ 22намояндаи Парлумони Британия бо пайвастан ба кампини мухолифат бо сафари валиаҳди Арабистон ба кишварашон, эътирозот ба ин сафарро шиддат бахшиданд.  

Ин 22 намояндаи Парлумони Британия аз ҳизбҳои мухталиф ба далели таҷовузи Арабистон ва ҳампаймононаш ба Яман ва низ сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Риёз дар қиболи мардуми худ ва ҳамсоягон, бо сафари Муҳаммад Бен Салмон, валиаҳди  Арабистон ба Британия мухолифат карданд.  

Намояндагони мухолиф бо ин сафар, Бен Салмонро масъули ҷиноятҳо ва нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон, Яман ва Баҳрайн медонанд.  

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ба Яман ҳамла карда ва сипас ин кишварро ба муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ даровардааст.

Созмони милал буҳрони башарӣ дар Яманро бадтарин ва фоҷеабортарин буҳрон аз навъи худ дар ҷаҳон номидааст.