Тамдиди таҳримҳои Амрико зидди Русия
Давлати Амрико рӯзи ҷумъа таҳримҳоеро, ки дар соли 2014 пас аз изофа шудани нимаҷазираи Қрим ба хоки Русия зидди ин кишвар вазъ карда буд, як соли дигар тамдид кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бар асоси тамдиди таҳримҳои зиддирусии Амрико камаш ин таҳримҳо то марти 2019 идома хоҳад ёфт.
Вазорати дороии Амрико 26-уми январи гузашта ду мақоми баландпояи Русия аз ҷумла муовини вазири энержии ин кишвар ва низ 19 нафар аз шаҳрвандони рус ва мақомҳои ҷумҳуриҳои Донтеск ва Луганс дар шарқи Украинаро таҳрим кард.
Амрико аз соли 2014 ва бо тағйири ҳукумати Украина ва ҷудошудани минтақаи Қрим аз ин кишвар ва вуқуи муноқиша дар минтақаи Донбас, чанд бастаи таҳримҳои молӣ ва иқтисодӣ барзидди Русия тасвиб карданд.
Иттиҳодияи Аврупо низ аз ин сиёсатҳои Вашингтон пайравӣ мекунад.