Ҷузвдонҳои зидди гулӯла барои донишомӯзони амрикоӣ
Дар пайи афзоиши ҳамлаҳои маргбор дар мактабҳои Амрико, волидайни донишомӯзон барои хариди ҷузвдонҳои зидди гулӯла, иштиёқ нишон додаанд ва бовар доранд бо хариди ин ҷузвдонҳо, фарзандашон каме эҳсос амният хоҳанд кард.
Ба гуфтаи коршиносони таслиҳот, ин ҷузвдонҳо бо қабати махсус ва сабук қодир ҳастанд, сипари бадан ва сари донишомӯзон дар баробари вуруди гулӯлаҳои «магнум357», «магнум44», «гулӯлаҳои 9 милиметрӣ» ва «калибр45» шаванд.
Пас аз тирандозии хунин дар дабиристони Дугласаи Флоридаи Амрико, ки мунҷар ба кушта шудан 17 донишомӯз ва захмӣ шудани беш аз 50 нафар шуд, волидайн донишомӯзон беш аз ҳар замони дигаре эҳсос ноамнӣ мекунанд.
Расонаҳои ғарбӣ навиштаанд, ки аз ибтидои соли 2018 токунун, 18 тирандозӣ ва аз январи соли 2013 милодӣ токунун дастикам 291 мавриди тирандозӣ дар мадориси Амрико, гузориш шудааст.
Тибқи таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи атфол “Pediatrics” мунташир шуд, аз соли 2012 то 2014, ба таври миёнгин солона 1 ҳазору 297 кӯдаки амрикоӣ дар натиҷаи ҷарроҳоти ношӣ аз шиллики гулӯла, ҷони худро дар Амрико аз даст додаанд.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, аслиҳаи гарм, сеюмин иллати аслии маргу мир дар миёни кӯдакони Амрико аст.
Мутолиаи муҳаққиқони “CDC» ҳамчунин нишон дод, ки Иёлати муттаҳида бештарин мизони маргу мири кӯдакон дар асари шиллики гулӯларо дорад.