Март 12, 2018 17:14 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои тавлиди ҷадидтарин мушакҳои баллистики байни қораӣ

Муовини вазири дифои Русия аз тавлиди анбӯҳи ҷадидтарин мушакҳои баллистики байни қораии «Сармат»-и ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия эълом кард, дар ҳоли ҳозир ин системаҳои мушакӣ аз абъоди мухталифи амалӣ, илмӣ, фаннӣ ва масоили тавлидӣ бо муваффақият мавриди таъйд қарор гирифтаанд.

Борисов афзуд, имконоти лозим барои сохти теъдоди мавриди ниёзи мушакҳои баллистики байни қораии «Сармат» дар ҳоли ҳозир омодааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия пештар эълом кард, Русия ба тавлиди анбӯҳи мушаки мофавқи савт (фаро садо)-ии русии «авангард» расидааст, ки ин системаи мушакии ҷадид метавонад муодилоти системаи дифоии Амрикоро барҳам бизанад.

Муовини вазири дифои Русия ҳамчунин эълом кард, системаи мушакии “авангард”, ки аз сӯи раисиҷумҳурӣ ба он ишора шуд, ба хубӣ мавриди озмоиш қарор гирифтааст ва ба тавлиди анбӯҳ мерасад.

Борисов афзуд, артиши Русия ба зуддӣ шурӯъ ба ироаи мушакҳои баллистики байни қораии R-36M 2, Войода, ки аз сӯи НАТО бо номи SS-18 SATAN шинохта мешаванд, хоҳад кард.

 

 

Барчасп