Стивен Хокинг даргузашт
Стивен Хокинг- физикдон ва назарияпардози барҷастаи ҷаҳон дар синни 76 солагӣ даргузашт
Ба гузориши ИСНА, Стивен Хокинг -физикдони назариявӣ, кайҳоншинос ва нависандаи бритониёӣ ва мудири таҳқиқоти маркази кайҳоншиносии назариявӣ дар донишгоҳи Камбриҷ буд, ки корҳои илмиаш собиқае беш аз 40 сол дорад.
Хокинг ба муддати 30 сол яъне аз соли 1979 то якуми актябри 2009 дорандаи курсии риёзиёти Локас буд.
Вай ба хотири фаолият дар заминаи кайҳоншиносӣ ва ҷозибаи кувантом ба вижа дар заминаи сиёҳчола(сӯрохиҳои сиёҳ) шинохта шуддаст.
Китоби "торихчаи замон"-и ӯ, ки бо рекорде 237 ҳафтаӣ ба унвони пурфуруштарин китоб дар Британия боқӣ монд, боиси шуҳраташ шуд.
Ҳамчунин китоби тарҳи бузурги ӯ, ки дар охирҳои соли 2010 ба чоп расид, пас аз чанд рӯз ба яке аз пурфуруштарин китобҳои Амазон табдил шуд.
Хокинг мубтало ба бемории Склерози ҷонибии амютрофик ва аз ҳаргуна таҳаррук оҷиз ва нотавон буд.
Вай бо вуҷуди тавоноиҳои бисёр дар заминаи кайҳоншиносӣ муваффақ ба дарёфти ҷойизаи НОБЕЛ нашуд.
Хокинг дар заминаи масоили эътиқодӣ "Худонобовар" ба ҳисоб меомад.