Русия 23 дипломати Бритониёро ихроҷ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31469-Русия_23_дипломати_Бритониёро_ихроҷ_кард
Вазорати умури хориҷаи Русия аз ихроҷи 23 дипломати Бритониё дар пайи иқдоми ахири Лондон дар қиболи дипломатҳои рус, хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 17, 2018 15:07 Asia/Dushanbe
  • Русия 23 дипломати Бритониёро ихроҷ кард

Вазорати умури хориҷаи Русия аз ихроҷи 23 дипломати Бритониё дар пайи иқдоми ахири Лондон дар қиболи дипломатҳои рус, хабар дод.

Ба гузориши “Russia Today”, Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин аз таваққуфи фаъолияти маркази фарҳангии Бритониё дар Маскав ва таътилии консулгарии ин кишвар дар шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.

Ин тасмими Русия пас аз он иттихоз шуд, ки вазорати умури хориҷаи ин кишвар барои дуввумин бор Лори Бристоу, сафири Лондон дар Маскавро субҳи имрӯз (шанбе) фарохонд.

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин ба Лондон ҳушдор дод дар сурате, ки иқдоми ҷадид алайҳи Русия аз ҷониби Бритониё сурат гирад, ин кишвар аз ҳаққи иқдоми мутақобил бархӯрдор аст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа гуфта буд, қатъан бо ихроҷи дипломатҳои бритониёӣ аз кишвараш ба иқдоми ахири Лондон посух хоҳад дод.

Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё рӯзи чаҳоршанбе 14 март бо такрори иддаои даст доштани Русия дар масмумияти ҷосӯси дуҷонибаи рустабор ва духтари 33 солааш, ки ҳафта гузашта дар шаҳри Залсберг, дар ҷануби Лондон беҳуш ва роҳии бемористон шуданд, дастури ихроҷи 23 дипломати ин кишварро аз хоки Биритониё содир кард.

Русия дар муқобили ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, Бритониё бо ин иттиҳомот қасд дорад, афкори ҷомеаи ҷаҳониро мунҳариф кунад.