Оғози расмии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ғарби Русия
Бо шурӯи замони раъйгирӣ дар Маскав пойтахт ва манотиқи ғарбӣ, интихоботи ҳафтумин давраи раёсатҷумҳурии Русия ба таври расмӣ, оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Маскав,ба далели ихтилофи замонии 8 соата байни манотиқи шарқӣ ва ғарбии Русия, кори раъйгирӣ дар Шарқи Дури ин кишвар аз соати 24 дишаб (шанбешаб) оғоз шуда буд.
Бар асоси эъломи Комиссияи марказии интихоботи Русия, раъйгирӣ аз соати 8 субҳи шурӯ мешавад ва то соати 19 (ба вақти маҳаллӣ) идома хоҳад ёфт, ҳарчанд мумкин аст дар Маскав- пойтахт ва шаҳрҳои бузурги Русия замони раъйгирӣ тамдид шавад.
Беш аз 97 ҳазор ҳавзаи раъйгирӣ дар саросари Русия ва 390 ҳавза дар 141 кишвари хориҷӣ, барои раъйгирӣ дар назар гирифта шудааст.
Аз ҷамъияти 146 миллионии Русия, ки ҳудуди 109 миллион нафар дорои шароити ширкат дар интихобот ҳастанд.
Дар ин давр аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, ҳафт номзади дигар бо Владимир Путин, раисиҷумҳури феълии ин кишвар барои касби курсии раёсатҷумҳурӣ, рақобат мекунанд.
Бар асоси охирин назарсанҷиҳо, Путин фосилаи қобили таваҷҷуҳе бо соири рақибон дорад ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ба пирӯзӣ хоҳад расид.