Паҳлуҳои байналмилалии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия
(last modified Sun, 18 Mar 2018 10:46:45 GMT )
Март 18, 2018 15:46 Asia/Dushanbe
  • Паҳлуҳои байналмилалии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия бо ҳузури ҳашт номзад, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури кунуни ин кишвар оғоз шуд.

Кулли  назарсанҷиҳо ҳикоят аз он дорад, ки дар ин интихобот Владимир Путин барои чаҳорумин бор ба пирӯзӣ хоҳад расид ва барои шаш соли дигар зимоми идораи васеътарин кишвари ҷаҳонро дар даст хоҳад гирифт. Ин пирӯзии қарибулувуқӯъ илова бар таъсироти фаровон бар саҳнаи дохилии Русия бар таҳаввулоти байналмилалӣ низ таъсироти чашмгире хоҳад гузошт. Ба ҳамин далел кишварҳои ғарбӣ дар моҳҳои ахир талош барои таъсиргузорӣ бар натоиҷи ин интихоботро афзоиш доданд.

Албатта, бо таваҷҷуҳ ба ширкати густурдаи раъйдиҳандагони рус ба Путин ин талошҳо умдатан бар коҳиши мушорикати умумӣ дар интихобот ва коҳиши мизони орои раисҷумҳури кунунии Русия дар интихоботи имрӯз дар муқоиса ба интихоботи соли 2012 мутамаркиз будааст. Дар ин росто кишварҳои ғарбӣ тарҳҳоеро барои бадном сохтани Путин ба иҷро гузоштанд. Илова бар тарҳи мавзӯоте чун набудани демократияи ғарбӣ дар Русия ва барпоии интихоботи муҳандисишуда дар ин кишвар, ки аз солҳо пеш дар дастури кори фаъолиятҳои таблиғотӣ алайҳи Русия қарор доштааст, дар остонаи интихоботи имрӯз Путин ба судури дастури иқдоми террористӣ бо омили кимиёӣ алайҳи як ҷосуси дуҷониба дар хоки Биритониё муттаҳам шуд. Мутаоқиби ин иттиҳом Лондон 23 дипломати русро ихроҷ кард ва сарони кишварҳои Амрико, Олмон ва Фаронса низ аз мақомоти Биритониё ҳимоят карданд. Дар дохили Амрико низ давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар остонаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Русия таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ин кишвар бо баҳонаи дахолати русҳо дар интихоботи соли 2016-и Амрико ба мавриди иҷро гузоштанд. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, иқдоми таҳрикомез ва бешармонаи Бритониё бо сенарияи заиф навишта шуда, ба сабаби наздик будани интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ва бо ҳадафи ироаи тасвири манфӣ аз ин кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иттихоз шудааст.

Бо ин ҳол, далоили андаке вуҷуд дорад, ки нишон диҳад, ин фазосозиҳои равонӣ ва таблиғотӣ бар натоиҷи орои шаҳрвандони рус дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия таъсир бигузорад. Амалкарди Путин дар хориҷ кардани Русия аз даврони пурошӯби пас аз фурӯпоши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва муқобила бо паёмадҳои манфии таҳримҳои иқтисодии Ғарб дар пайи ворид кардани Қрим ба хоки Русия мӯҷиб шудааст, ки ин сиёсатмадори 65-сола пас аз солҳо фаъолияти дар самтҳое чун кафили раёсатҷумҳурӣ, раёсатҷумҳурӣ ва нахуствазирии Русия ҳамчунон аз маҳбубият бархурдор бошад.

Пешбинӣ мешавад, чаҳорумин пирӯзии Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии ин кишварро тақвият мекунад. Русҳо дар талошанд, фориғ аз идеологияи коммунистӣ ба қудрати даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бозгарданд ва ба бозигари дараҷаи аввали саҳнаи байналамилал бадал шаванд. Нақшофаринии ин кишвар дар манотиқе чун Қафқози Шимолӣ, шарқи Аврупо, ғарби Осиё, шимоли Африқо ва ҳатто бинобар иддаои амрикоиҳо, дар дохили Иёлоти Муттаҳида нишонгари азми Кремл барои ҳузури пуррангтар дар ҷаҳон аст. Ин раванд бо пирӯзии муҷаддиди Владимир Путин дар интихобот, бавижа ин ки агар бо мушорикати сиёсии болотар ва орои бештар барои фарди мунтахаб ҳамроҳ бошад, шиддати бештаре хоҳад гирифт. Ба ҳамин далел низ дар остонаи ин интихобот кишварҳои ғарбӣ аз ҳеҷ талоше барои бадномии давлати Русия ва шахси раисҷумҳури ин кишвар даст нахоҳанд кашид.