Равиши сода ва фарогир барои сафари арзон + гузориши видеоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31748
Кейси Фентон дар соли 1999 вебсайти “Каучсёрфинг” (Couchsurfing) -ро барои иттисоли мусофирон ва мардуми маҳаллӣ роҳандозӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 25, 2018 17:09 Asia/Dushanbe

Кейси Фентон дар соли 1999 вебсайти “Каучсёрфинг” (Couchsurfing) -ро барои иттисоли мусофирон ва мардуми маҳаллӣ роҳандозӣ кард.

Ӯ як идеяи сода барои рафъи дағдағаи маҳалли иқомату хоб ва ҳазинаи он дошт: “пазироии ройгон аз мусофирон дар саросари ҷаҳон”.

Идеяи нав барои сафари ройгон, ки исмашро метавон гузошт “меҳмоннавозии ройгон”, “сафари арзон” ё ҳар номи дигаре, аммо муҳим ин ки ин барнома ҳоло ба гардишгарон роҳнамои хубе шудааст.  

Ҳоло солона ҳудуди чаҳор миллион нафар дар саросари дунё ба содагӣ мизбони гардишгароне мешаванд, ки ба шаҳри онон сафар кардаанд.