Озмоиши мушаки ҷадиди падофандии Русия
Вазорати дифои Русия эълом кард, мушаки ҷадиди падофанди мушакӣ бо тавоноии нобудии мушакҳои ҳастаӣ озмоиш шуд.
Вазорати дифои Русия эълом кард, як мушаки вижаи таслиҳоти падофанди мушакӣ, ки қодир ба ҳадаф қарор додани мушакҳои ҳастаӣ аст, имрӯз, душанбе, бо муваффақият озмоиш шуд. Бар асоси ин гузориш, ин мушаки ҷадид имрӯз аз пойгоҳи низомии "Сари Шаган"-и Русия, воқеъ дар Қазоқистон партоб шуд.
Вазорати дифои Русия эълом кард, мушаки ҷадид дар тӯли чанд сония пас аз партоб ба ҳадафи баллистикӣ исобат мекунад. Андрей Преходко, муовини фармондеҳи нерӯҳои падофанди мушакӣ ва ҳавоии Русия пас аз партоби мушак гуфт, партоби мушак замони обу ҳавои номусоид анҷом гирифт.
Мушаки ҷадиди падофанди мушакии Русия бо бурди сад километр метавонад то иртифои 30 километр ҳама навъи мушак, қорапаймо, баллистикӣ ва кулоҳакҳои ҳастаиро ҳадаф қарор дода нобуд кунад. Мушаки ҷадид дар вилояти Маскави Русия мустақар мешавад ва барои дифои мушакию фазоии пойтахти Русия ба кор гирифта хоҳад шуд. Мушаки ҷадид, мофавқи савт (“сверхзвуковой”) ва ҳушманд аст.