Тарҳрезии диишиҳо барои худнамоӣ дар шарқи Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32224-Тарҳрезии_диишиҳо_барои_худнамоӣ_дар_шарқи_Осиё
Вазири дифои Малайзия рӯзи панҷшанбе гуфт, гурӯҳе аз террористҳои диишӣ дар ҳоли тарҳрезӣ барои таъсиси хилофати худхонда дар шарқи Осиё ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 05, 2018 15:55 Asia/Dushanbe
  • Тарҳрезии диишиҳо барои худнамоӣ дар шарқи Осиё

Вазири дифои Малайзия рӯзи панҷшанбе гуфт, гурӯҳе аз террористҳои диишӣ дар ҳоли тарҳрезӣ барои таъсиси хилофати худхонда дар шарқи Осиё ҳастанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Русия ал Явм", вазири дифои Малайзия афзуд, кишварҳои ҳадафи ДИИШ Филиппин, Малайзия ва Индонезия ҳастанд.

Вай гуфт, ҷанубу шарқи Осиё ва бахши шарқии Филиппин нуқоте ҳастанд, ки ДИИШ фаъолитҳои ифротии худро аз онҷо оғоз мекунад.

Ба гуфтаи ин масъули молойзиёӣ, террористҳои ДИИШ дар ҳоли барномарезӣ барои эҷоди шохаҳое дар ҳар се кишвар ба саркардагии Абубакр Ал Бағдодӣ аст.

Бо фурӯпошии созмони ДИИШ ва фирори бештари неруҳои боқи мондаи ин гурӯҳи террористӣ аз минтақаҳои аслии даргирӣ дар Сурия ва Ироқ, акнун диишҳо мекушанд дар бархе кишварҳои осиёӣ, ки гурӯҳҳои ифротӣ дар онҳо собиқаи ҳузур доранд, барои худ ҷое биёбанд.

Дар Филиппин, Бангладеш, Малайзия ва Индонезия беш аз 30 созмони ифротӣ вуҷуд доранд, ки бо ДИИШ байъат кардаанд.