Ҳушдори дипломати рус дар бораи талоши Амрико барои тағйири БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32312-Ҳушдори_дипломати_рус_дар_бораи_талоши_Амрико_барои_тағйири_БАРҶОМ
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ҳушдор дод, ҳар навъ талош барои тағйири БАРҶОМ, ба фурӯпошии комили ин тавофуқи муҳимми байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 07, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дипломати рус дар бораи талоши Амрико барои тағйири БАРҶОМ

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ҳушдор дод, ҳар навъ талош барои тағйири БАРҶОМ, ба фурӯпошии комили ин тавофуқи муҳимми байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.

Михаил Улянов гуфт, ҳанӯз замони он нарсида, ки дар мавриди тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ба натиҷагирии манфӣ расид ва ин тавофуқро метавон ва ҳатман бояд наҷот дод.

Улянов бо таъкид бар ин, ки Амрико бояд ба таври комил ба тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ амал кунад, афзуд, ҳеҷ як аз тарафҳо барои худдорӣ аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ, кӯчактарин баҳонае надоранд.

Вай гуфт, дар шароите, ки Теҳрон ба тамоми тааҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ амал кардааст, тарафи амрикоӣ низ бояд ба таври комил ба тааҳҳудоти хеш амал кунад.

Улянов афзуд, дар сурати шикасти БАРҶОМ ва пойбанд набудани Вашингтон ба ин тавофуқи байналмилалӣ, ғайриқобили эътимод будани тарафи амрикоӣ ба таври комил мушаххас хоҳад шуд.

Михаил Улянов бо ишора ба дуввумин конфронси таҷдиди Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ки дар авохири моҳ апрел ва аввалҳои моҳи май баргузор мешавад, афзуд, кишварҳои узви ин паймон бояд ҳимояти худро аз БАРҶОМ эълом кунанд.