Апрел 11, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори валиаҳди Саудӣ бо саркардаи “Мунофиқин” дар Порис

Бархе манобеъ аз дидори муштараки саркардаи гурӯҳаки террористии “Мунофиқин”, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва сафири режими саҳюнистӣ дар Порис хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин манобеъ эълом карданд, ин дидор эҳтимолан дар қасри тозахаридоришудаи валиаҳди Саудӣ дар ҳошияи Порис, пойтахти Фаронса анҷом шудааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар дидор бо саркардаи “Мунофиқин”, аз нақши ин гурӯҳаки террористӣ дар ошӯбу иғтишошоти охирҳои соли гузашта дар бархе шаҳрҳои Эрон қадрдонӣ ва бар ҳимояти молӣ аз гурӯҳаки “Мунофиқин” таъкид кардааст.

Шуморе аз афроди гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” рӯзи нахусти сафари валиаҳди Саудӣ ба Порис (рӯзи якшанбе), дар ҳимоят аз вай муқобили Вазорати хориҷаи Фаронса гирд омаданд.

Пеш аз ин Марями Раҷавӣ, саркардаи гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ъукоз”-и Арабистон гуфт, дар нооромиҳои ахири бархе аз шаҳрҳои Эрон марказҳои нофармонии вобаста ба “Мунофиқин” нақши зиёде ифо карданд.

Декабри соли 2017 ба муддати чанд рӯз, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон бо гирд омадан ва сар додани шиорҳое, ба маълум кардани сарнавишти молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе маҳсулот ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯйи фурсатталабон ва иғтишошгарон (шӯришгарон) дар сояи ҳимояти хориҷӣ ба ошӯб кашида шуд.

 

Барчасп