Парлумони Бритониё гурӯҳи зидди Русия ташкил дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32932-Парлумони_Бритониё_гурӯҳи_зидди_Русия_ташкил_дод
Рӯзномаи Таймси чопи Лондон навишт: Парлумони Бритониё гурӯҳи ҷадиде барои муқобила бо Русия ташкил додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 20, 2018 12:37 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Бритониё гурӯҳи зидди Русия ташкил дод

Рӯзномаи Таймси чопи Лондон навишт: Парлумони Бритониё гурӯҳи ҷадиде барои муқобила бо Русия ташкил додааст.

Рӯзномаи Таймси чопи Лондон рӯзи ҷумъа навишт: Гурӯҳи зиддирусии парлумони Бритониё аз намояндагони шаш кумитаи бонуфузи парлумони Бритониё, аз ҷумла раисони кумитаи дифоӣ, умури хориҷӣ, дороӣ ва амнияти миллӣ ташкил шудааст.

Том Тугендҳат раиси кунунии кумитаи парлумони умури хориҷӣ раёсати ин гурӯҳро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Ба навиштаи Таймс, гурӯҳи зиддирусии парлумони Бритониё аввалин нишасти моҳонаи худро чаҳоршанбеи гузашта дар парлумон баргузор кард.

Дар ин нишаст ширкаткунандагон талош карданд то тасвири комилеро аз таҳдидҳои эҳтимолии Маскав зидди Лондон эҷод кунанд.

Равобити миёни Лондон ва Маскав аз як моҳи гузашта то кунун бар сари масмумияти Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё тира шудааст.