Тирандозӣ дар наздикии кохи подшоҳи Саудӣ дар Риёз
(last modified Sun, 22 Apr 2018 04:01:10 GMT )
Апрел 22, 2018 09:01 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар наздикии кохи подшоҳи Саудӣ дар Риёз

Бархе манобеи хабарӣ шанбешаб бо интишори видеоҳое аз инфиҷор ва тирандозӣ дар наздикии кохи подшоҳии Арабистон дар Риёз хабар доданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, гуфта мешавад Салмон ибни Абдулазиз подшоҳ ва Муҳаммад ибни Салмон валиаҳд аз маҳалли ҳодиса гурехта ва маҳдудаи кохи ал-Авҷо ба муҳосираи комили неруҳои вижа даромадааст.

Бархе ахбор аз интиқоли шоҳ ва валиаҳди Саудӣ ба як пойгоҳи низомӣ дар атрофи Риёз, ки таҳти ҳифозати мустақими неруҳои амрикоӣ аст, ҳикоят дорад.

Бархе манобеъ аз эҳтимоли кудато дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Як шоҳзодаи Саудӣ, ки нахост номаш фош шавад дар гуфтугӯ бо Фаҳд-Нюс гуфт: Ҳодисаи шанбешаб чизе шабеҳ ба кудато будааст ва валиаҳди Саудӣ қатъан ин воқеиятро махфӣ мекунад.

Як рӯзноманигори мисрӣ низ эълом кард, ҳомиёни Бин Салмон мегӯянд, дар Риёз хабаре аз даргирӣ нест, аммо видеоҳои мунташиршуда дар фазои маҷозӣ ҳамагӣ нишон аз тирандозиҳои шадид дар пойтахти Саудӣ дорад.

Полиси Риёз пас аз чанд соат сукут муддаӣ шуд, тирандозиҳо ба далели парвози як бесарнишин дар атрофи ин кох будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз расонаҳо эълом карданд, ин мизони тирандозӣ барои як бесарнишин, мантиқӣ ба назар намеояд.

Бархе расонаҳо эълом карданд, осмони Риёз бар рӯйи ҳамаи парвозҳо баста шудааст ва горди вижаи Бин Салмон замин ва осмонро ба даст гирифтааст.