Май 03, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
  • Мақоми олмонӣ: Меркел байни Русия ва Ғарб миёнҷигарӣ кунад

Як мақоми ҳизби Олмон гуфт, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон метавонад, нақши миёнҷиро дар равобити Русия ва Ғарб ифо кунад.

Ба гузориши “Спутник”, Маттиас Платсек, узви Ҳизби сотсиал демократи Олмон ва раиси Маҷмаи Олмон ва Русия гуфт, масоиле монанди ҳифзи сулҳ, мубориза бо терроризм ва буҳрони Сурия, наметавонад бидуни мушорикат Русия ҳал шавад.

Ин сиёсатмадори олмонӣ ҳамчунин аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз нақш доштанаш дар афзоиши танишҳо дар равобити Русия ва Ғарб интиқод кард, аммо нақши масъулонаи Русия ва рафтори оқилонаи сиёсатмадорони русро сутуд.

Танишҳо миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ба далели мавзӯҳое чун Украина, буҳрони Сурия ва парвандаи масмум шудани Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё, афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп