Русия “Viber”-ро ба "қатъ кардан" таҳдид кард
Вазири иртибототи Русия ба шабакаи паёмрасони “Viber” дар бораи қатъи он, дар ин кишвар ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Николай Никифоров, эълом кард, агар соҳибони “Viber” аз ироаи калидвожаҳои рамзнигорӣ ба Русия худдорӣ кунанд, мақомоти амниятии ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Никифоров таъкид кард, шароити мушобеҳи “Телеграм" дар интизори “Viber” низ хоҳад буд.
Додгоҳи Русия рӯзи ҷумъа (13 апрел 2018), иҷозаи филтер шудан ва мамнуияти дастрасӣ ба паёмрасони «Телеграм»-ро дар ин кишвар содир кард.
Моҷарои филтер кардани Телеграм дар Русия аз онҷо шурӯ шуд, ки ин паёмрасон, дархости Созмони амнияти ин кишварро дар бора калидвожаҳои рамзнигории ин паёмрасон қабул накард.
Созмони амнияти Русия бо истинод ба ин ки террористҳо аз Телеграм истифода мекунанд аз ин ширкат хоста буд, имкони рамзхонии паёмҳои шахсии мухотибони худро барои маъмурони амниятӣ фароҳам кунад.