Пири кӯҳнакори сиёсат дар Малайзия ба қудрат бозгашт
Маҳатҳир Муҳаммад, сиёсатмадори кӯҳнакор ва раҳбари эътилофи “Умед”-и Малайзия дар рақобати ҳассос ва таърихӣ бо эътилофи ҳизби ҳокими “Барисан Насионал”, тавонист дар чаҳордаҳумин интихоботи саросарии Малайзия, пирӯз шавад.
Ба гузориши ИРНА, хабаргузории давлатии Малайзия “Бернама” эълом кард, ки эътилофи “Умед” ба раҳбари Маҳатҳир Муҳаммади 92 сола, пирӯзи интихоботи саросарии Малайзия шудааст.
Тибқи эъломи Комиссияи интихоботи Малайзия, эътилофи “Умед” тавонист 113 курсӣ аз 222 курсии Маҷлиси намояндагонро ба худ ихтисос диҳад.
Эътилофи ҳоким ба раҳбари Наҷиб Разоқи 79 курсӣ, ҳизби мустақили “Пос” ба раҳбарии Абдуллоҳоди Ованг, 18 курсӣ ва соири аҳзоб низ 12 курсиро ба худ ихтисос доданд.
Ба ин тартиб Маҳатҳир Муҳаммад дар интихоботе, ки аз он ба унвони модари ҳамаи интихоботи Малайзия ёд шудааст, тавонист бо канор задани рақиби аслии худ, Наҷиб Разоқ, нахуствазири кунунии Малайзия пас аз 15 сол, дубора ба арсаи қудрат бозгардад.
Интихоботи парлумонии Малайзия, ки ташкили давлатро дар пай дорад, ҳар панҷ сол якбор дар ин кишвар баргузор мешавад.