15-уми май – Рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Фирдавсӣ
Имрӯз, 25-уми урдибиҳишт, баробар бо 15-уми май Рӯзи ҷаҳонии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамосасаро ва шоири бузурги форсу тоҷик аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги форсу тоҷик дар соли 329-и ҳиҷрии қамарӣ, 940-и милодӣ дар шаҳри Тӯс, дар шимолу шарқи Эрон ба дунё омад. Табъ ва завқи шоирӣ, шӯру дилбастагии Фирдавсӣ ба зинда кардани мафохири миллии Эронзамин боиси ба вуҷуд омадани шоҳкории бузург ба номи “Шоҳнома” шуд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад, маҷмӯае аз достонҳои миллию таърихи бостонии подшоҳони қадим ва паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки паҳлавониҳои онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафар ва мардонагию шуҷоат ва диндорӣ тавсиф мекунад. Фирдавсӣ, бегумон, бузургтарин шоири порсигӯй аст ва “Шоҳнома”-и ӯ арзандатарин шоҳкори ҷовдонаи забон, андеша ва фарҳанги форсу тоҷик аст, ки бисёре аз пажӯҳишгарон онро бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон хондаанд.
Ҳамасола дӯстдорони Фирдавсӣ дар анҷуманҳо ва маҳофили мухталифи адабӣ дар саросари ҷаҳон маросими гуногун ва пуршуморе барои бузургдошти ин шоири порсигӯ баргузор мекунанд. Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон низ Рӯзи посдошти забони форсӣ ва Рӯзи Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро табрик гуфта афзудааст, устуворӣ, ширинӣ ва мондагории дерпои забони форсӣ мадюни ин шоири баландовозаи эронӣ аст. Қосимӣ гуфт, Фирдавсӣ чунон забону адаби порсиро меъморӣ кард, ки бинои сохта ва пардохтаи ӯ солҳо эмин аз газанд қомат афрошт ва фарҳангу адаби порсиро ба фаросӯи марзҳо ва дар саросари ҷаҳон густариш дод.