Май 20, 2018 13:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ  аз нахустин неругоҳи ҳастаии шиновари ҷаҳон дар Русия

Нахустин неругоҳи ҳастаии шиновари ҷаҳон тайи маросиме дар бандари Мурманск дар шимоли Русия, рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Виталий Трутнев масуъули сохт ва роҳандозии неругоҳи ҳастаии шиновари ширкати “Русатом”-и Русия дар ин маросим гуфт: Ин гуна воҳидҳои тавлиди энержӣ метавонанд гармо ва барқи манотиқи дурдсти Русияро таъмин кунанд.

Алексей Лихачев раиси ширкати “Русатом”-и Русия ҳам эълом кард, ин нахустин намуна аз манобеи энержии сайёр аст ва пешбинӣ мешавад тақозо барои он дар солҳои оянда ба шиддат афзоиш ёбад.

Гуфтанӣ аст, фановарии неругоҳи ҳастаии шиновар таваҷҷуҳи бисёре аз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё монанди Филиппин ва Индонезияро ба худ ҷалб кардааст. Аз сӯи дигар кишварҳои соҳилӣ низ метавонанд барои ширин кардани оби баҳр, аз ин фановарӣ истифода кунанд.

Неругоҳи ҳастаии шиновари Русия ибтидо ва тибқи барнома қарор буд дар Санкт-Петербург ба кор гумошта шавад, аммо ба иллати нигаронии кишварҳои ҳавзаи баҳри балтика (Литва, Латвия ва Эстония) дар хусуси хатарҳои зистмуҳитии он, маъмурияти ин неругоҳ ба шаҳри Мурманск дар шимоли Русия мунтақил шуд.

Ин неругоҳ тобистони соли 2019 ба минтақаи Чукотка дар дуртарин нуқтаи шимолу шарқи Русия хоҳад рафт.

 

Барчасп