Буҳрони озори ҷинсӣ дар мактабҳои Амрико
(last modified Sat, 23 Jun 2018 12:22:05 GMT )
Июн 23, 2018 17:22 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони озори ҷинсӣ дар мактабҳои Амрико

Муассиси як созмони мустақил дар Амрико, вазъи озори ҷинсиро дар мактабҳои ин кишвар, буҳронӣ тавсиф кард.

Ба гузориши “Associated Press”, Седней Лонг, муассиси Созмони «тааррузи ҷинсӣ дар мадорисро мутаваққиф кунед» дар гузорише навишт, 17 ҳазор мавриди тааррузи ҷинсӣ аз соли 2011 то 2015 дар мадориси Амрико, рӯй додааст.

Вай тасреҳ кард, тааррузи ҷинсӣ ба рафтори оддӣ дар ҳамаи бахшҳои ҷомеаи Амрико табдил шуда ва мадорисро низ фаро гирифтааст.

Ин фаъоли маданӣ афзуд, падидаи озори ҷинсӣ дар Амрико, аз ҷумла  мактабҳои ин кишвар, раванди рӯ ба афзоиш доштааст.

Корзор Мето дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба манзури муқобила бо афзоиши рафтори ғайриахлоқӣ дар ҷомеаи Амрико, аз ҷумла падидаи озори ҷинсӣ фаъолият мекунад, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро аз муттаҳамони аслии ин падида, муаррифӣ кардааст.