Интихоби дубораи Эрдуғон ба симмати раёсатҷумҳурии Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36122-Интихоби_дубораи_Эрдуғон_ба_симмати_раёсатҷумҳурии_Туркия
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии 64 - солаи Туркия бори дигар бо аксарияти оро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба пирӯзӣ расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 25, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Интихоби дубораи Эрдуғон ба симмати раёсатҷумҳурии Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии 64 - солаи Туркия бори дигар бо аксарияти оро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба пирӯзӣ расид.

Саъдӣ Гуун, раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия ба таври расмӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишварро барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.

Саъдӣ Гуун гуфт, бар асоси шумориши 97.7 дарсади раъй, Эрдуғон аксарияти ороро аз они худ кардааст.

Бо  вуҷуди он ки мардуми Туркия аз сиёсатҳои иштибоҳ ва барномаҳои иқтисодии давлати Эрдуғон ба танг омадаанд, норизоятӣ аз афзоиши бекорӣ ташдид шуда ва даромадҳои саршори ҳосил аз иҷора ба ҷойи тавлид ва ҷозибаҳои Туркия барои гардишгарон ва сармоягузорони хориҷӣ аз даст рафтааст, интихоби дубораи Эрдуғон ба симмати раёсати ҷумҳурии Туркия аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт, бо вуҷуди фарозу нишебҳои фаровон то пеш аз баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ, Туркия яке аз муҳимтарин рӯзҳои таърихи худро пушти сар гузошта аст.

Шакке нест, ки интихоботи зудҳангоми 24-уми июн, ки 18 моҳ зудтар аз таърихи аслии интихобот баргузор шудааст, нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар таърихи Туркия талаққӣ хоҳад шуд. Ба вижа ки иҷрои бархе аз қонунҳои тағйирёфта ва ислоҳшудаи Қонуни асосии Туркия, ин кишварро дар шароити бесобиқае қарор хоҳад дод.

Дар воқеъ, бо поёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Туркия ба таври расмӣ аз низоми парлумонӣ хориҷ ва вориди низоми раёсатӣ шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти қонунӣ, бештар аъзои ниҳодҳои калидии кишвар, аз ҷумла қувваи қазоия ва додгоҳи қонуни асосӣ ва ниҳодҳои мушобеҳ аз сӯйи раисҷумҳурӣ интихоб хоҳанд шуд.

Ин амр ба Эрдуғон фурсате дигар хоҳад дод то бо якдаст кардани ниҳодҳои аслӣ ва асосии Туркия, хостаҳо ва аҳдофи худро дар ин кишвар амалӣ кунад. Ҷудо аз нигарониҳои дохилӣ ва нигоҳи аҳзоби мувофиқ ва мухолиф ба амалкарди Эрдуғон тайи солҳои оянда, ба назар мерасад бархе аз ҳампаймонони Туркия дар Ғарб, ба вижа Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба шиддат нигарони ихтилофҳои оянда бо ин кишвари фаъол дар Ховари Миёна ҳастанд.

 Дар ҳамин замина, хонум Элизабет Теоман дар мақолае дар пойгоҳи интернетии “Фокс нюз” навишт: “Дар натиҷаи ислоҳоти ҷадиди Қонуни асосӣ, Эрдуғон омода хоҳад буд то ба зиёни дигар бозигарони минтақаӣ, бо шиддати бештар барои густариши ҳузур дар минтақа ҷомаи амал бипӯшонад ва ҳадди ақал то соли 2028-и мелодӣ дар раъси қудрат боқӣ бимонад. Ин амр дар шарокати Туркия бо Амрико ва НАТО ихтилоф ба вуҷуд хоҳад овард”.

Дар ҳақиқат Қонуни асосии ҷадиди Туркия ихтиёроти бештаре ба шахси раиси ҷумҳурӣ хоҳад дод. Ба ҳамин далел, давлатҳои ғарбӣ, ки тайи чанд соли гузашта бо Туркия ба таззоди манофеъ бархурдаанд, нигарони равобити оянда ва ҳамчунин вазъияти ҳузур дар минтақа хоҳанд буд.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, бо интихоби дубораи оқои Эрдуғон ду вазъияти куллӣ қобили тасаввур аст, ки нахуст Ғарб маҷбур бо додани имтиёзҳои зиёд ба оқои Эрдуғон шавад ва ё ин ки ихтилофҳои Туркия бо Ғарб беш аз пеш ташдид шавад.