Идомаи даргириҳо байни ДИИШ ва Толибон дар шимоли Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36747-Идомаи_даргириҳо_байни_ДИИШ_ва_Толибон_дар_шимоли_Афғонистон
Даргирӣ байни Толибон ва ДИИШ дар вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон ҳамчунон идома дорад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  • Идомаи даргириҳо байни ДИИШ ва Толибон дар шимоли Афғонистон

Даргирӣ байни Толибон ва ДИИШ дар вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон ҳамчунон идома дорад.  

Яке аз фармондеҳони артиши Афғонистон гуфт, даргирии байни ДИИШ ва Толибон дар шаҳристони Дарзоб ба шиддат идома дорад ва Толибон бархе аз марокизи ДИИШ дар ин шаҳристонро тасарруф кардааст.  

Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ афзуд, даргирии Толибон ва ДИИШ дар Ҷузҷон вориди даҳумин рӯз шудааст ва дар ин даргириҳо беш аз 52 узви ин гурӯҳи такфирӣ кушта ва 33 диишии дигар низ захмӣ шудаанд.  

Шуморе аз аъзои Толибон низ аз ҷумла як фармондеҳи ин гурӯҳ дар ин даргириҳо кушта ва теъдоде низ захмӣ шуданд.