Занозании ду халабони ироқӣ бар фарози осмон!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36917-Занозании_ду_халабони_ироқӣ_бар_фарози_осмон!
Ихтилофи шахсии ду халабони ироқӣ муҷиб шуд, онҳо бар фарози осмон бо ҳам занозанӣ кунанд ва ҷони мусофиронро ба хатар андозанд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 26, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Занозании ду халабони ироқӣ бар фарози осмон!

Ихтилофи шахсии ду халабони ироқӣ муҷиб шуд, онҳо бар фарози осмон бо ҳам занозанӣ кунанд ва ҷони мусофиронро ба хатар андозанд.  

Вазорати таробарии Ироқ эълом кард, ки ин ду халабон чаҳоршанбе ҳангоми парвоз дар иртифои 37 ҳазор поӣ бо ҳавопаймои мусофирбарии Боинг 737 бо ҳам дар кабини халабон ба шиддат даргир шуда ва ҷони ҳамаи 160 сарнишини ин ҳавопайморо дар хатари ҷиддии марг қарор доданд.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Машҳади Эрон ба Ироқ парвоз мекардааст.  

Вазорати таробарии Ироқ аз оғози таҳқиқот барои ёфтани иллати аслии бурузи ин ҳодиса хабар дод ва бидуни ишора ба номи ин халабонон ва фурӯдгоҳи мақсади онҳо, ба нақл аз мудири хати ҳавоии Ироқ эълом кард, ки онҳо бар асоси навъи ҷурме, ки муртакиб шуданд, бо шадидтарин вазъ танбеҳ ва муҷозот хоҳанд шуд.