Июл 29, 2018 09:09 Asia/Dushanbe
  • Оғози рақобатҳои байналмилалии низомиёни ҷаҳон дар Русия

Мусобиқоти байналмилалии низомиёни ҷаҳон дар соли 2018, рӯзи шанбе дар Маскав пойтахти Русия оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА аз Маскав, дар нахустин рӯзи рақобатҳои байналмилалии низомиёни ҷаҳон дар Маскав, ки бо ҳузури Сергей Шойгу вазири дифои Русия оғоз шуд, тимҳои Чин ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гурӯҳи тонк сазовори рутбаи нахуст шуданд.

Мусобиқоти артишҳои ҷаҳон дар соли 2018 дар 28 ришта ва ба мизбонии ҳафт кишвари Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон баргузор мешавад.

Баъзе аз ин риштаҳо шомили ғаввосӣ, набарди танкҳои Т-72, нигаҳдории тӯпхона, набарди нафарбарҳои БМП-2, таковарони дарёӣ, рақобати ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тактирандозӣ аст.

Бар асоси эъломи кумитаи баргузории мусобиқот, 189 тим дар қолаби 32 кишвар дар ин рақобатҳо ҳузур доранд.