Август 21, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Озодии беш аз 200 нерӯи давлатии афғон аз ҷониби Толибон

Гурӯҳи Толибон аз озодии 217 нафар аз нерӯҳои амниятии афғон ба муносибати иди Қурбон хабар дод.  

Толибон дар баёнияе эълом кард, ин гурӯҳ токунун 45 нафар аз нерӯҳои амниятии Афғонистонро дар шаҳристони Қайсар, 86 нафарро дар шаҳристони Ғӯрмочи вилояти Фориёб, 24 зиндони дигарро дар вилояти Қандаҳор ва даҳҳо зиндонии дигарро дар дигар вилоятҳо озод кардааст.

Толибон эълом кард, қарор аст шумори дигаре аз нерӯҳои амниятӣ, ки дар даргирӣ бо Толибон ба асорат даромадаанд, аз зиндон озод шаванд.