Девони Лоҳа ҷиноятҳои низомиёни Миёнморро маҳкум кард
Девони байналмилалии кайфарӣ ҷиноятҳои низомиёни Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ зидди мусалмонони Руҳингиё ва овора кардани онҳо ба Бангладешро маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Девони байналмилалии кайфарӣ, ки мақарри он дар Гаага (Лоҳа) –и Нидерландия аст, рӯзи ҷумъа эълом кард, ин девон ҳарчӣ зудтар ҷиноёти низомиёни миёнморӣ алайҳи мусалмонони руҳингиёиро, ки сабаби қатл ва оворагии онон ва гурезашон ба Бангладеш шудааст, баррасӣ мекунад.
Ин тасмим як ҳафта пас аз он гирифта шуд, ки ҳайати ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид пайгарди қонунии мақомҳои аршади артиши Миёнморро ба далели нақзи ҳуқуқи башар, қатли ом ва дигар ҷароими ҷангӣ алайҳи мусалмонони Руҳингиё хостор шуд.
Ин ҳайати ҳақиқатёб аз Шӯрои амнияти СММ хост, аз ирсоли силоҳ ба ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Аз 25 –уми августи соли 2017 дар ҳамалоти артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба мусалмонони Руҳингиё, дар вилояти Рохин, дар ғарби Миёнмор, беш аз шаш ҳазор мусалмони руҳингиёӣ кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди як миллион нафар ба Бангладеш паноҳанда шудаанд.