Ҳимояти Чин аз ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷорӣ бо Туркия
Муовини вазорати хориҷаи Чин эълом кард, дар шароити пеши рӯ, Чин ва Туркия дар мубодилоти тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии худ, долларро ҳазф карда ва аз воҳиди пули миллии мутақобил истифода мекунанд.
Ба гузориши рӯзномаи Миллият, Лио Чинг, ки ба унвони намояндаи ҳукумати Чин ва муовини вазорати хориҷаи ин кишвар ба Анкара сафар карда, эълом кард, ҳар ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ба манзури ташвиқи сармоягузорон ба истифода аз воҳиди пули миллӣ, иқдомоти дуҷонибаи муҳимме анҷом диҳанд.
Вай ҳамчунин эълом кард, Чин барои сохти сеюмин нерӯгоҳи ҳастаии Туркия эъломи омодагӣ, карда ва дар тарҳи “Як камарбанд-як ҷода” низ ҳамкориҳои бозаргонӣ ва иқтисодии густурдае байни ин ду кишвар дар ҷараён хоҳад буд.
Лио Чинг, ки дар сафар ба Анкара бо Фуод Уктой, муовини раисиҷумҳур, Мавлуд Човуш Ӯғлу, вазири умури хориҷа ва Барот Олбойрок, вазири молӣ ва дороии Туркия дидор карда, эълом кард, ки тарафайн дидгоҳҳои мусбате барои ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории ду тарафа ва тақвияти ҳамкориҳо доранд.
Вай эълом кард, ки мақомоти Туркия ва Чин дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тамоюл ба тақвияти равобит дар ҳадди стратегӣ доранд ва Чин муштоқ аст, ки Туркия бар асоси манофеъ ва масолеҳи миллии худ беҳтарин модели стратегияи тавсеаи иқтисодиро баргузида ва дар масири тақвияти бунияҳои иқтисодии худ, қадам бардорад ва дар ин замина Чин низ ҳозир аст, ҳамкориҳои худро ба сурати стратегӣ идома диҳад.