Сентябр 16, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии стратеги собиқи раисҷумҳури Амрико

Стратеги собиқи раисҷумҳури Амрико фош кард, тарҳи ишғоли Қатар дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрико дар Риёз, пойтахти Арабистон ниҳоӣ шуда буд.

Стив Бенен, стратеги собиқи раисҷумҳури Амрико гуфт, ки тарҳи ишғоли Қатар ба унвони ҷойгузине барои ҳалли буҳрони чаҳор кишвари арабӣ (Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн) бо ин кишвар, дар назар гирифта шуда буд.  

Вай афзуд: Қарор бар ин буд, ки Қатар ба сабаби ҳимоят аз Ихвонулмуслимин ва Ҳамос ва иртибот бо Туркия ва Эрон, муҷозот шавад.

 

Барчасп