Барак: Нетаняҳу аз қудрат соқит хоҳад шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38134-Барак_Нетаняҳу_аз_қудрат_соқит_хоҳад_шуд
Эҳуд Барак, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ гуфт: Тарафҳое, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири кунунии ин режимро ба қудрат расонданд, ӯро соқит хоҳанд кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 17, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • Барак: Нетаняҳу аз қудрат соқит хоҳад шуд

Эҳуд Барак, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ гуфт: Тарафҳое, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири кунунии ин режимро ба қудрат расонданд, ӯро соқит хоҳанд кард.  

Ба гузориши расонаи исроилии Jerusalem Post, дар шароите, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ бо иттиҳомҳои ҷиддӣ аз ҷумла дарёфти ришва ва фасоди молӣ дар чанд парвандаи ҷудогона мувоҷеҳ аст, нахуствазири пешини ин режим низ дар ҳамоише дар Телавив бо интиқоди тунд аз сиёсатҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бенямин Нетаняҳу гуфт: Вай ба унвони омил аслии мушкилоти дохилӣ, Исроилро дар сарошебии суқут ва инзиво дар маҷомеи байналмилалӣ қарор додааст.  

Эҳуд Барак ҳамчунин нахуствазири кунунии Исроилро бо Николае Чаушеску, охирин ҳокими коммунисти Руминия, ки се даҳа пеш тавассути мардум эъдом шуд, муқоиса кард.