Харсавории фарбеҳҳо дар Юнон мамнуъ шуд
Бар асоси қонуни ҷадид дар Юнон, харсавории гардишгарони чоқ(фарбеҳ) дар ин кишвар мамнуъ шуд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал Олам, мамнуъ шудани харсаворӣ дар маконҳои туристӣ, бавижа минтақаи Санторин (Santorini) тасмими вазорати тавсеаи рустоии Юнон аст.
Ин қонун пас аз кампине, ки тарафдорони ҳуқуқи ҳайвонот дар Юнон дар пайи ҷароҳати бархе аз харҳо бароҳ андохтанд, иҷроӣ шуд.
Пас аз интишори видеое, ки теъдоде харро дар ҳоли убур аз пилла(зина)-ҳои нозук бо гардишгарони чоқ(фарбеҳ) дар минтақаи туристии Санторин нишон медод, тарафдорони ҳуқуқи ҳайвонот хоҳони кӯмаки фаврӣ ба ин ҳайвонот шуда буданд.
Тибқи қонуни ҷадид, гардишгароне, ки вазни онҳо беш аз 100 килограмм бошад, иҷоза харсаворӣ дар Санториниро нахоҳанд дошт.
Минтақаи Санторин бо теппаҳои бисёр ва пиллаҳои машҳураш, яке аз манотиқи диданӣ ва гардишгарӣ дар Юнон аст.