Рози сарнавишти Хошуқҷӣ дар телефон ва соати ӯ
Мароҳили бозҷуӣ ва лаҳзаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори Саудӣ ба таври тасодуфӣ дар телефон ва соати ӯ забт шудааст.
Рӯзномаи давлатии Сабоҳи Туркия бо истинод ба манобее дар ниҳодҳои интизомии ин кишвар гузориш додааст: Хошуқҷӣ қабл аз вуруд ба консулгарӣ телефони айфони худро ба номзадаш супурд ва соаташро низ дар ҳолати забт қарор дод.
Ин дар ҳоле буд, ки телефон ва соати Ҷамол Хошуқҷӣ ҳамоҳанг ва ба ҳам муттасил будааст.
Рӯзнома менависад: Дар натиҷа навори бозҷуӣ, шиканҷаҳо ва қатли ин рӯзноманигори Саудӣ дар соаташ забт ва ба телефони ӯ мунтақил шудааст.
Агарчи маъмурони иттилоотии Саудӣ талош карданд, иттилооти соатро пок кунанд, аммо бархе аз наворҳо ҳифз шуда, ки нишон медиҳад, вай кушта шудааст.
Ҳамчунин гузоришҳо ҳокист: Анкара дар тамосе бо Вашингтон аз вуҷуди видеоҳое хабар дод, ки кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дохили консулгарии Арабистон дар Истанбулро тайид мекунад.
Дар ин видеоҳо Хошуқҷӣ ва бозҷуёнаш ва наҳваи шиканҷа ва кушта шудани ӯ нишон дода мешавад.