Поёни бозрасӣ аз сарконсулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия
Бозрасии муштараки мақомоти Туркия ва Арабистон аз сарконсулгарии Арабистон дар Истанбул пас аз 9 соат поён ёфт.
Арабистон ва Туркия сешанбе гурӯҳи муштараке аз мақомоти ду кишварро барои таҳқиқот дар бораи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, мақоланависи мунтақиди арабистонӣ ташкил доданд.
Аъзои туркияӣ ва арабистонии ин гурӯҳи муштараки таҳқиқ пас аз поёни ин бозрасӣ ба сурати ҷудогона аз сарконсулгарии Арабистон дар Истанбул хориҷ шуданд ва аз тавзеҳ дар бораи таҳқиқот худдорӣ карданд.
Гуфта мешавад, раёсати ҳайъати таҳқиқотро қоиммақоми додситони кулли Истанбул бар уҳда дорад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия имрӯз дар суханронӣ дар конгресси Ҳизби адолат ва тавсеа дар Анкара дар бораи таҳқиқ ва тафаҳҳус аз консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул гуфт, ки бозрасони доираи ҷиноӣ ва додситонҳои Истанбул ба дунболи маводи саммӣ дар консулгарии Саудӣ буданд, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, бархе васоил муҷаддадан ранг шудаанд.
Вай афзуд: Дар таҳқиқот ба дунболи чизҳои зиёде аз ҷумла маводи саммӣ ва бархе васоиле, ки муҷаддадан рӯи онҳо ранг зада шудааст, мегардем.