Октябр 17, 2018 21:15 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Комиссияи Аврупо ба иқдомоти тиҷории мутақобили алайҳи Амрико

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ростои сиёсати ҳимоятгароии иқтисодӣ, бо афзоиши тарифаҳо бар мавод ва маснуоти воридотӣ ба Амрико амалан вориди ҷанги тиҷорӣ бо бисёре аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон шудааст.

Ҳарчанд тавофуқе муваққат байни Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар заминаи тарифаҳои тиҷорӣ анҷом шуд, аммо бо таҳдидоти ҷадиди Трамп, акнун Иттиҳодияи Аврупо дар вазъияти тақобули тиҷорӣ бо Амрико қарор дорад.  

Сесилия Малмстрем, комиссари умури тиҷории Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, ки агар Амрико тарифаҳои гумруки боло бар маҳсулоти мошини Аврупо эъмол кунад, Иттиҳодияи Аврупо низ бо иқдомоти мутақобил вокуниш нишон хоҳад дод.

Ахиран Трамп Аврупоро муттаҳам ба рафтори хасмона бо Амрико карда ва изҳор дошта, ки Иттиҳодияи Аврупо сохта шуда, то аз Амрико сӯиистифода кунад.

Малмстрем дар мусоҳибае дар бораи тарифаҳои гумрукии ҷадиди Амрико алайҳи маҳсулоти мошини Аврупо ҳушдор дод ва гуфт: Ин иқдом метавонад музокирот барои ҳалли муноқишоти тиҷориро ошкоро душвортар кунад.

Иттиҳодияи Аврупо бояд бо иқдомоти мутақобил ба чунин иқдоме аз тарафи Амрико вокуниш нишон диҳад.  

Малмстрем Трампро фарде ғайри қобили пешбинӣ арзёбӣ карда ва вазъи тарифаҳои гумрукии боло бар воридоти мошини аврупоӣ, ки мадди назари Трамп астро мояи таассуф донист.

Ба гуфтаи Малмстрем: “Агар Амрико бар рӯи маҳсулоти мошини Аврупо тарифаҳои гумрукии 25 дарсад қарор диҳад, мо наметавонем даст рӯи даст гузошта ва назорагар бошем”.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо зимни ҳушдори ҷиддӣ дар бораи бурузи ҷанги тиҷории тамомаёр миёни Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Ин иттиҳодия бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои мухарриби Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бояд худро барои бадтарин сенарияҳо омода кунад.

Дар воқеъ ҷанги тиҷорӣ ва иқтисодӣ яке аз мушаххисаҳои боризи давлати Трамп аст.

 

Барчасп