25 сол зиндон барои омили ҳамла ба як масҷид дар Техас
(last modified Thu, 18 Oct 2018 13:16:55 GMT )
Октябр 18, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • 25 сол зиндон барои омили ҳамла ба як масҷид дар Техас

Марде, ки яке аз масоҷиди Иёлати Техаси Амрикоро оташ зада буд, ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши Райтерз, мақомоти Амрико гуфтанд, Marq Perez, ки марти 2017 Маркази исломии шаҳри Викторияро дар атрофи ҷануби ғарби шаҳри Хюстон дар Иёлати Техас оташ зада буд, рӯзи чаҳоршанбе ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Маркази исломии шаҳри Виктория ин ҷиноятро бахше аз мавҷи рӯзафзуни таассуб алайҳи мусулмонон дар Амрико тавсиф кардааст.

John Rainey, қозии Додгоҳи федерал ҳам гуфт, ҷиноёт ношӣ аз эҷоди танаффур алайҳи дигарон, дар ҳукми саратон барои ҷомеаи Амрико аст ва набояд бо он мудоро кард.

Пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раисиҷумҳури Амрико бавижа содир кардани фармони муҳоҷиратӣ алайҳи мусулмонон, ҳамла ба  марокизи исломӣ ва бадрафторӣ бо мусулмонон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.